- ҷанг
- I[جنگ]1. асоси замони ҳозира аз ҷангидан2. ҷузъи пасини баъзе калимаҳои мураккаб ба маънии ҷанганда: хурӯсҷанг, сагҷанг…II[جنگ]1. ҳарб, набард, муҳориба байни ду тарафи мутақобил, задухӯрд ва кушокушии ду лашкари тарафҳо ё давлатҳои ба ҳам муқобил2. бо ҳам дастбагиребон шудан ва ҳамдигарро дашному ҳақорат додани ду кас ё ду гурӯҳ, занозанӣ ва задухӯрди ду ҳайвон бо ҳам3. ҷабҳа, фронт4. дашном, сарзаниш, носазо: ҷангу сарзаниш; ҷанги беяроқ ниг. ҷанги сард; Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷанги халқи шӯравӣ дар солҳои 1941-1945 ба муқобили Олмони фашистӣ; ҷанги дохилӣ ҷанги байни гурӯҳҳои ба ҳам муқобили як мамлакат; ҷанги дастбагиребон бо душман омехта шуда ҷангидан, ҷанги тан ба тан; ҷанги даҳонакӣ ҷанҷолу хархашаи лафзӣ, дашномдиҳӣ (якдигарро); ҷанги ғоратгарона; ҷанги кӯчагӣ ҷанге, ки дар кӯчаҳо бурда мешавад; ҷанги мағлуба ба ҳам омехта бо якдигар задухӯрд ва кашокаш кардани ду лашкар (ду тараф); ҷанги сард низоъ ва душманӣ кардан бе кор фармудани аслиҳа, хархаша ва кашмакаши сиёсӣ; ҷанги синфӣ ҷанги байни синфҳои ҷамъият, муборизаи синфӣ; ҷанги тан ба тан ҷанги якка ба якка, ҷанги даст ба гиребон; ҷанги хунин задухӯрди хунин, ҷанги сахт; ҷанги ҳамватанӣ ниг. ҷанги дохилӣ; ҷанги ҷаҳонӣ ҷанге, ки як қатор давлатҳоро ба гирдоби худ кашида бошад; ҷангу ҷанҷол кашмакашу хархашаи байни ду тараф, ду кас; ҷангу ҷидол а) ҳарбу зарб, муҳориба; б) мубориза; в) хархаша, кашмакаш; машқи ҷанг машқи ҷанг кардан, тамрини ҷанг, омӯхтани тариқаҳои ҷанг; ҷанг андохтан ду тараф ё ду касро ҷанг кунондан ду тараф ё ду касро, боиси ҷанги ду тараф гардидан (бештар бо иғво); ҷанг кардан а) муҳориба кардан, ҷангидан (бо силоҳ); б) ба якдигар дарафтодан, занозанӣ кардан, ҳамдигарро дашном додан, хархашаи лафзӣ кардан; в) ҷанҷол кардан, сарзаниш ва маломат кардан (касеро); ҷанг хезондан ҷанҷол бардоштан; боиси ҷанг ва хархаша гардидан; ба ҷанг даромадан ба ҳарбу зарби байни давлатҳо дохил шудани давлате, ҷанг сар кардан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.